Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла дар Кветта кори Ҳаракати Исломии Узбакистон будааст


Ҳаракати Исломии Узбакистон масъулияти ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Кветтаи маркази вилояти Балуҷистони Покистонро бар дӯш гирифт, ки бар асари он дасти кам 6 нафар кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, дар ин ҳамла дар рӯзи якшанбе аксаран маъмурони пулис ва шибҳанизомиён кушта шуданд ва 60 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳаракати Исломии Узбакистон баёнияеро бо ин мазмун ба бахши узбакии Радиои Озодӣ фиристодааст. Дар ин баёния омадааст, ки ҳамлаи маргталабонаро як тотори 52-сола ва узви ҳамин созмон анҷом дод ва ҳадафи онҳо, ҳукумати “кофири” Балуҷистон буд. Ҳамларо аксуламал ба иқдоми ҳукумати Покистон гуфтаанд, моҳе пеш дар амалиёте дар як мадрасаи мазҳабӣ дар Балуҷистон аз ҷумла як узви Ҳаракати Исломии Узбакистонро кушт ва чанд нафари дигарашонро захмӣ кард. Ҳаракати мазкур созмони террористӣ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG