Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кор дар маҳалли фалокат дар Бангладеш сахт шудааст


Борони сел корҳои ҷустуҷӯӣ дар маҳалли фалокат дар корхонаи дӯзандагӣ дар Бангладешро мушкил кардааст, ки рӯзи 24 апрел фурӯ рафту садҳо нафарро кушт. Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки баъди борони зиёд кор дар маҳалли ҳодиса қатъ карда шуд, вале баъди нисфирӯзӣ идома кард. То кунун аз зери овори бинои 8 табақаи корхонаи хаётӣ бештар аз 1120 ҷасадро берун кашидаанд. Вақти фӯру рафтани корхона дар он 3 ҳазор нафар кор мекарданд. Баъди 17 рӯзи фалокат, рӯзи 10 май маъмурони наҷот Решима, як духтари 18-солаеро зинда пайдо карданд ва ҳоли ӯ беҳтар мешавад. Ин духтар бо хӯрдани оби борону ғизои хушк зинда мондааст.
XS
SM
MD
LG