Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Покистон интихоботи порламонӣ баргузор мешавад


Имрӯз дар Покистон интихоботи порламонӣ баргузор мешавад. Дар остонаи ин интихобот Толибони ин кишвар ба райдиҳандагон ҳушдор додаанд, ки аз рафтан ба пои сандуқҳои рай худдорӣ кунанд ва агар на кушта мешаванд.

Инсонуллоҳ Инсоҳ-сухангӯи Толибони Покистон рӯзи ҷумъа гуфт, гурӯҳи тонҳо “барои 11 май чанд амалро ба нақша гирифтааст, барои ҳамин мардум бояд аз ҳавзаҳои райдиҳӣ худро дар канор нигоҳ доранд ва ҷони худро ҳифз кунанд”.

Ҳоло дар Покистон тақрибан 85 миллион нафар аҳолии қобили рай ба сар мебарад. Мақомоти ин кишвар тасмим гирифтаанд, ки дар саросари Покистон барои таъмини амнияти интихобот 600 000 нафар нируи пулс ва нируҳои амниятиро сафарбар кунанд, то онҳо бар суботу оромӣ назорат баранд.
XS
SM
MD
LG