Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши шумораи ширкатдорони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум аз Тоҷикистон


Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон, аз коҳиш ёфтани шумораи кӯҳнасарбозони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум дар ин кишвар хабар медиҳад.

Сайфиддин Гулаҳмадов, узви шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 9-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар муқоиса ба як соли пеш шумораи кӯҳнасарбозону собиқадорн ҳудуди 20 дарсад қоҳиш пайдо кардааст.

Зеро ба таъкид вай, ҳоло дар Тоҷикистон 1441 нафар кӯҳнасарбозону собиқадорони Ҷанги Ҷаҳонии дуввум зиндагӣ мекунанд, ки синни ҷавонтарини онҳо 86 ва болотарин 92-ро ташкил медиҳад.

Ҷаноби Гулаҳмадов аз пушибонии ҳукумат нисбати кӯҳнасарбозони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум тақдир кард ва гуфт, шӯрои собиқадорон ва ҳар кӯҳнасарбозе, ки дар қаламрави кишвар ба сар мебарад, ҳамеша маврид кӯмаку дастгирии молӣ аст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки бар асоси дастури президенти Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба ҳар як собиқадори Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ва хонаводаи ӯ, маблағи 800 сомонӣ ё муодили ҳудуди 170 доллари амрикоӣ кӯмакпулӣ, ҷудо шуд.

Ҳамчунин ҳукуматҳои шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳо низ ба собиқадорони Ҷанги Ҷаҳонии дуввум кӯмакҳои пулӣ карданд, ки ин кӯмак аз ҷониби ҳукумати шаҳри Душанбе 120 доллар, аз сӯи шаҳру ноҳияҳо аз 100 то 150 сомонӣ, вилояти Хатлон 150 сомонӣ ва вилояти Суғд аз 250 то 300 сомониро ташкил дод.

Зимнан, дар ҷанги шӯравии собиқ бо Олмони фашистӣ, ки аз соли 1941 то соли 1945 идома кард, 300 ҳазор тоҷикистонӣ ҳам ширкат карда ва 100 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои набард ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG