Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳолдинги "Конт" дар Тоҷикистон ба кораш идома хоҳад дод"


Раҳбари ҳолдинги “Конт” Рустам Саидов ба “Азия Плюс” гуфтааст, таҳримоти Амрико алайҳи «Kont Investment Bank» ба фаъолияти он таъсир хоҳад кард, вале фаъолияти ягон бонку ширкати шомили ин ҳолдинг дар Тоҷикистон қатъ нахоҳад шуд.” Оқои Саидов гуфтааст, ҳолдинги “Конт” танҳо барои бозсозии терминали автобусҳои Душанбе 140 миллион сомонӣ сарф карда, ба буҷаи Тоҷикистон 24,5 миллион сомонӣ андоз ҳам супурдааст. Ба гуфтаи ӯ, ин марказ то поёни сол дар ин тарҳ 70 миллион сомонӣ сармоягузории бештар карда, шумори кормандонашро аз 300 ба 1500 нафар хоҳад расонд. Ин ширкат ҳамчунин мехоҳад бо сарфи 30 миллион евро дар 3 гектар замин дар пойтахти Тоҷикистон як маркази савдо бисозад. Рустам Саидов ҷамъи сармоягузориҳои ширкаташ ба иқтисоди Тоҷикистонро 1,125 миллиард сомонӣ баровард мекунад ва мегӯяд, ба зудӣ аз Туркия боз 50 автобус хоҳанд овард.
Вазорати дороии Амрико рӯзи 1 май дороиҳои 6 ширкат, аз ҷумла «Kont Investment Bank», ва тоҷири эронӣ Бобаки Занҷониро, ки молики ин ширкатҳо шинохта мешавад, мунҷамид кард.
Дар моҳи феврал парлумони Тоҷикистон ширкати «Asian Express Airline», ки бино ба хабарҳо, низ ба Занҷонӣ тааллуқ дорад, аз пардохти 6 миллион сомонӣ боҷи гумрукии автобусҳову мошинҳои таксӣ, ки ба ин кишвар ворид кардааст, озод карда буд.
XS
SM
MD
LG