Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай Толибонро ба дифоъ аз марз даъват кард


Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай аз Толибон хост силоҳи худро бар зидди онҳое гардонанд, ки бар муқобили Афғонистон тавтеа ташкил мекунанд.

Рӯзи шанбе Ҳомиди Карзай аз Толибон даъват кард дар як саф бо марзбон Муҳаммадқасим бошанд, ки ҳафтаи равон дар марз бо Покистон дар як бархӯрди шашсоата ба ҳалокат расидааст.

Бархӯрд дар назди хатти Дюран, ки дар асри 19 аз сӯи Британия ҳамчун марзи миёни ду кишвар матраҳ шудааст, ба амал омада буд.

Ба гуфти мансабдорони афғон сарбозони ин кишвар як дарвоза ва посгоҳеро, ки ахиран марзбонони Покистон бунёд намуда буданд, тахриб кардаанд. Ҳар яке аз ҷонибҳо тарафи дигарро масъули ин бархӯрд меномад.

Мақомоти Кобул борҳо аз Покистон талаб кардаанд, ки иншооти марзбониро аз хоки Афғонистон берун кашанд. Покистон хатти Дюранро марзи байналмилалӣ номида, мегӯяд, кораш қонунӣ аст.

Аммо Афғонистон доимо исрор меварзад, ки хатти Дюранро эътироф намекунад.
XS
SM
MD
LG