Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико шӯришиёни Сурияро мусаллаҳ мекунад?


Чак Ҳагел, вазири дифоъи Амрико, мегӯяд, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида мухолифаташ ба мусаллаҳ кардани шӯришиёни Сурияро бознигарӣ мекунад. Ӯ рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт, ҳукумати кишвараш гузинаҳои мухталиф, аз ҷумла таъмини шӯришиён бо аслиҳаро баррасӣ мекунад. Аммо гуфт, Чак Ҳагел худаш дар ин замина тасмими ниҳоӣ нагирифтааст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то кунун ба нерӯҳои мухолифи давлат дар Сурия кӯмакҳои башарӣ ва ғайритаслиҳотӣ мекард. Баъзе аз фармондеҳои амрикоӣ аз он бим доранд, ки мумкин аст, аслиҳае, ки ба шӯришиён дода мешавад, ба дасти тундравони исломӣ биафтад. Бино ба гузоришҳо, шӯришиёни суннимазҳаби Сурия аз Қатар ва Арабистони Саудӣ кӯмаки низомӣ мегиранд ва ҳукумати Сурия ба кӯмакҳои Эрону Русия такя мекунад.
XS
SM
MD
LG