Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармуфаттиши парвандаи қатли Бҳутторо куштаанд


Пулиси Покистон мегӯяд, афроди мусаллаҳ Чудрӣ Зулфиқор, сармуфаттиши парвандаи қатли Беназир Бҳутто, нахуствазири собиқи ин кишварро куштаанд. Ба гуфтаи онҳо, Чудрӣ Зулфиқор субҳи ҷумъа дар роҳ ба сӯи додгоҳ ҳадафи тирандозии ин афрод қарор гирифтааст. Маълум нест, ки ӯро чаро куштаанд. Пулис мегӯяд, як зани раҳгузар зимни ин ҳамла кушта шуда ва муҳофизи ӯ захмӣ шудааст. Чудрӣ Зулфиқор қазияи сӯиқасд ба Беназир Бҳутторо таҳқиқ мекард, ки соли 2007 дар тирандозӣ ва ҳамлаи маргталабона кушта шуд. Додситонҳо Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури собиқи Покистонро ба он муттаҳам кардаанд, ки амнияти Беназир Бҳутторо дуруст таъмин накард. Парвиз Мушарраф, ки ҳоло дар ҳабси хонагист, ин иддаъоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG