Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири кишоварзии Гурҷистон аз мақомаш истеъфо дод


Ба думболи боздошти чанде аз тобеъонаш бо иттиҳоми ришвахорӣ, Давид Кирвалидзе, вазири кишоварзии Гурҷистон, барои муваққат аз вазифааш канорагирӣ кардааст. Давид Кирвалидзе, рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт, масъулиятӣ ҳар коре, ки дар вазорат шудааст, бар дӯши вазир аст ва ӯ то замони хотимаи таҳқиқ аз мақомаш истеъфо медиҳад. Кирвалидзе изҳори умедворӣ кард, ки парвандаи фасодкорӣ дар вазорат, бетарафонаву одилона таҳқиқ хоҳад шуд. Рӯзи чаҳоршанбе чанде аз мақомоти баландпояи вазорати кишоварзии Гурҷистонро бо иттиҳоми тақаллуби молӣ, бесалоҳиятӣ ва аз худ кардани 1 миллиону 200 ҳазор доллар аз хазинаи давлат боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG