Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бостон ва Сурия дар баҳси Обама ва Путин


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама ва ҳамтои руси ӯ Владимир Путин мегӯянд, ду кишвар баъд аз бомбгузории Бостон ҳамкорҳои амниятӣ ва иктишофиро густариш хоҳанд дод.

Намояндаи Кохи Сафед мегӯяд, дар ин гуфтугӯи телефонӣ Обама аз ҳамкории наздики Русия бо Амрико баъд аз таркишҳо дар марафони Бостон ситоиш кард.

Гумонбарони бомбгузориҳо бо минтақаи асосан мусулмоннишини Русия дар Қафқози Шимолӣ пайвандҳо доранд ва яке аз онҳо ахиран ним сол дар ин ҷо зистааст. Аз ин ду бародар, ки ба таҳия ва ташкили бомбгузорӣ муттаҳам мешаванд, Ҷавҳар Тсарнаев боздошт шуда, бародари ӯ Темурланг дар тирандозӣ бо полис ба ҳалокат расид.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, Русия ҳанӯз дар соли 2011 ба таври ҷудогона Дафтари Федеролии Пажӯҳишот ё FBI ва Идораи Марказии Ҷосусӣ ё CIA-ро огоҳ карда буданд, ки Темурлан Тсарнаев мумкин аст, бо тундгароёни исломӣ рабт дорад ва акнун ин мақомотро зери суол мегузоранд, ки ба парванда чӣ гуна баррасӣ кардаанд.

Путин ва Обама ҳамчунин эълом доштанд, ки дар таъмини амнияти Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2014 дар Сочии Русия ҳамкорӣ хоҳанд кард. Ҳафтаи гузашта Путин дар муколамаи телевизионӣ бо намояндагони аҳолии Русия гуфт, воқеаи Бостон далели дурустии сиёсати Русия дар Қафқози Шимолист ва Иёлоти Муттаҳида бояд дар риштаи амният бо Русия ҳамкорӣ кунад.

Дар гуфтугӯйи телефонӣ бо Путин Обама ҳамчунин ба нигарониҳои Иёлоти Муттаҳида аз эҳтимоли истифода шудани силоҳи кимиёӣ дар Сурия таъкид кард. Ду раҳбар тасмим гирифтанд, дар тамос бошанд ва вазирони умури хориҷии кишварҳояшон Ҷон Керрӣ аз тарафи Амрико ва Сергей Лавров аз ҷониби Русия гуфтушунидро идома диҳанд.

Ин дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳида гузоришҳои эҳтимоли истифода шудани силоҳи кимиёӣ аз тарафи ҳукумати Сурияро таҳқиқ мекунад. Сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ гуфт, Вашингтон ин далелҳоро бо эҳтиёти тамом пажӯҳиш мекунад: "Барои рӯшан кардани он ки марзи хатти сурх, ки президент Обама гуфт, шикаста шудааст, таҳқиқи зиёде бояд анҷом дода шавад. Ва хеле муҳим аст, ки мо иттилои бедалелро ҳақиқат нашуморем, зеро далелҳои дараҷаи эътимоди гуногун наметавонанд барои шеваи вокуниш кофӣ бошанд.”

Обама гуфтааст, агар корбасти силоҳи кимиёӣ исбот шавад, ин кор барои режими Сурия “пайомадҳои бузурге” хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG