Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш омили аслии беҳуқуқии занон дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Як таҳқиқоти муштарак, шаш омили асосиро баршумурда, ки боиси беадолатиҳо нисбати занон дар ҷомеаи Тоҷикистон шудааст.

Дар таҳқиқоти муштараки Созмони UNIFEM ва Хазинаи Авроосиё дар масъалаи ҳуқуқи занон, шаш монеаи асосӣ зикр гашта, ки боиси беадолатиҳо дар ҷомеа ва мурофиаҳои додгоҳӣ дар нисбати занон дар Тоҷикистон шудааст.

Созмони UNIFEM ва Хазинаи Авроосиё дар баёнияи муштараке, ки рӯзи 29-уми апрел дар конфронси байналмилалии «Дастрасӣ ба адолати додгоҳӣ» дар шаҳри Душанбе интишор додаанд, аз бетарафии волидон ва беадолатии додгоҳҳо дар баҳсҳои нақзи ҳуқуқи занон, таъкид кардаанд.

Дар таҳқиқоти муштараки ин ду созмони байналмиллалӣ, 6 омили аслие, ки боиси беҳуқуқии занон дар ҷомеаи Тоҷикистон, баршумурда шудааст.

Аз ҷумла "носаҳеҳӣ дар низоми додгоҳии кишвар", вуҷуди фасоду ришват ва дарки он", "норасоии маблағ", монеаи муроҷиати занон ба додгоҳҳо", "бемайлӣ ва бепарвоии волидон доир ба сарнавишти фарзандон, яъне духтарону келинҳо" ва «ноогоҳии занон аз ҳуқуқи худ ва қонунҳо», аз ҷумлаи монеаҳое ҳастанд, ки ба сурати умум занон дучори табъиз мешаванд.

UNIFEM ва Хазинаи Авроосиё дар баёнияи матуботии муштараки худ ҳалли ҳарчӣ зуди ин масъаларо хоҳиш намуда, аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи занон даъват кардааст, ки мусоидат кунанд.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД
XS
SM
MD
LG