Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷосуси ҳинд дар зиндони Покистон дар дами марг аст


Як шаҳрванди Ҳиндустон, ки дар зиндони Покистон дар Лоҳур барои ҷосусӣ ба нафъи Ҳиндустон мӯҳлати ҳабси абадро сипарӣ мекунад, мавриди ҳамлаи як зиндонии дигар қарор гирифтааст ва ҳоло дар дами марг қарор дорад.

Сабарҷит Сингҳ ба сараш чанд зарба хӯрдааст. Ҳамнишини зиндониаш бо хишт ва ҷисмҳои сахт ба сари вай задааст. Моҷарои онҳо дар ҷараёни баҳсе шуруъ шудааст.
Табибони шҳри Лоҳур гуфтаанд, ки вазъи саломатии ин зиндонӣ вазнин аст.

Ҳоло вай ба таври сунъӣ нафас мекашад. Сингҳ 16 сол пеш баъд аз як бамгузорӣ дар Лоҳур, ки 14 нафар дар он ба қатл расида буданд, ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.
XS
SM
MD
LG