Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айбномаи гумонбари бомбгузории Бостон эълон шуд


Ҷавҳар Тсарнаев мегӯяд, тарроҳ ва илҳомбахши бомбгузорӣ дар марафон бародараш Темурлан буд.

Вазорати адлияи ИМА мегӯяд, муттаҳам дар бомбгузории дави марафонии Бостон- Ҷавҳар Тсарнаев расман бо истифодаи силоҳи куштори дастаҷамъӣ айбдор дониста мешавад ва агар гуноҳи ӯ собит гардад, ӯ имкон дорад ба эъдом маҳкум шавад.

Ҳамчунон Тсарнаев бо тахриби моликият ба воситаи маводи тарканда айбдор дониста шудааст. Айбномаи Тсарнаеви 19-сола рӯзи душанбе дар бемористон эълон шуд. Ба қавли табибон вазъи саломатии ӯ ҳанӯз ҳам вахим аст.

Ҷавҳар ва бародараш Темурлан аслан чечен ҳастанд. Онҳо бо бомбгузории рӯзи 15-уми апрел, ки ҳаёти 3 нафарро аз байн бурда, 173 каси дигарро маҷрӯҳ намудааст, муттаҳам мешаванд. Ҷавҳар рӯзи ҷумъа дастгир шуд. Вале бародараш Темурлан як рӯз пеш аз он ба қатл расид. Рӯзи душанбе шаҳри Бостон ва дигар минтақаҳои аёлати Массачусетси ИМА ба ёди қурбониҳои бомбгузорӣ як дақиқа хомӯш истоданд.

Рӯзи душанбе сокинони Бостон ва дигар шаҳрҳои атрофи аёлати Массачусетс ба хотири қурбониёни бомбгузориҳои ҳафтаи пеш дар марафони Бостон як дақиқа сукут хоҳанд кард. Рӯзи 15 апрел дар натиҷаи таркиши ду бомба дар хатти марраи ин марафон се нафар кушта ва беш аз 180 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар ҳоле, ки яке аз гумонбарон Темурлан Тсарнаеви 26-сола дар натиҷаи рӯёрӯӣ бо полис кушта шуд, бародари ӯ – гумонбари дуюм Ҷавҳар Тсарнаеви 19-сола аз дохили шифохона ба саволҳои муфаттишфон посух медиҳад. Тавре полис мегӯяд, азбаски ҷароҳатҳои бардошти ӯ сангин асту ба ноҳияи гулӯяш низ осеб расидааст, феълан вай тавони сӯҳбат карданро надорад. Баёноти ӯ ба таври хаттӣ сабт мешавад.

Эд Дейвис, яке аз масъулини полиси Бостон гуфт, ки ҳолати Ҷавҳар «сангин ва мӯътадил аст». Ба иттилои ӯ, гурӯҳе аз Бюрои федеролии таҳқиқот махсус барои анҷоми бозпурсӣ омадааст. Вай гуфт, феълан ҳеҷ ҷузъиёти ин бозпурсиҳо маълум нест.

Вай танҳо илова кард, ки ба иттилои онҳо, бародарони чечен силоҳу лавозимоти кофӣ барои анҷоми ҳамлаҳои бештар дар ихтиёр доштаанд. Мақомот дар маҳалли даргириҳо бо бародарон бомбаҳои дастсохти зиёд ва ҳам 250 намуд силоҳи дигарро ошкор ва мусодира кардаанд.

Айбномаи гумонбари бомбгузории Бостон эълон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00
XS
SM
MD
LG