Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Димон Ашӯров мегӯяд, писараш ба кӯмаки тиббӣ ниёз дорад


Зебо Мамадназарова, модари Димон Ашӯров мегӯяд, ки фарзандаш ба табобати ҷиддӣ ниёз дорад ва вакили дифоъ аз додгоҳ дархост кардааст, ки ӯ дар беморхона бистарӣ шавад. Зебо Мамадназарова рӯзи 23-юми апрел ба "Озодӣ" гуфт, ки вакили дифои фарзандаш Шӯҳрат Қудратов бо ариза аз Додгоҳи олӣ хоҳиш кардааст, ки вазъи саломатии зерҳимояаш бад шуда ба табобат дар шароити беморхона зарурат дорад. Зебо Мамадназарова мегӯяд, Димон аз дарди пояш сахт шикоят дорад, зеро симҳои даруни устухони пой ва аппарате, ки дар пояш гузоштаанд беҷо шудаанд ва барои дуруст кардани он бояд дар беморхона бистарӣ карда шавад.

Дар ҳоли ҳозир дар Додгоҳи олӣ мурофиаи Димон Ашуров ва Шерик Карамхудоев раиси Бахши хоруғии Ҳизби наҳзати исломӣ идома дорад. Парвандаи Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев дуввумин парвандаест, ки ба ҳаводиси Бадахшон рабт дорад. То ба ҳол додгоҳ ду нафар Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов, бародар ва ронандаи Толиб Айёмбеков, аз фармондеҳони пешини мухолифон дар Бадахшонро дар куштори генерал Абдулло Назаров муҷрим шинохта, онҳоро ба 17 ва 16 соли ҳабс маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG