Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархбол ва сарнишинони он дар дасти Толибонанд


Мақомоти вилояти Лугари Афғонистон мегӯянд, чархболе, ки ба таври изтирорӣ дар қаламрави ин вилоят фуруд омадааст, бо халабононаш ба тасарруфи Толибон даромадааст.

Вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар мегӯяд, ки саломатии 8 нафар сарнишинони ин чархбол, ки шаҳрвандони Туркия будаанд ва саломатии ду халабон қаноатбахш аст. Сухангӯи вазорат хабар додааст, ки ҳукумати Туркия бо мақомоти расмии Афғонистон дар тамос аст.

Пештар мақомоти Афғонистон гуфта буданд, ки рӯзи якшанбе як чархболи ғайринизомӣ дар шароити бади ҳаво маҷбур шудааст дар қаламрави вилояти Лугар ба замин нишинад.

Сухангӯи сафорати Русия дар Кобул таъйид кардааст, ки яке аз ду халабонони чархбол шаҳрванди Русия будааст.

Толибон таъйид кардаанд, ки чархбол ва сарнишинонаш дар дасти онҳост.
XS
SM
MD
LG