Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбарони бомбгузории Бостон "чечен" номида шуданд


Полис мегӯяд, яке аз гумонбарони бомбгузорӣ дар марафони Бостон дар тирандозӣ бо полис кушта шуда, нафари дувум фирор кардааст.

Тирандозӣ замоне ба вуқӯъ пайваст, ки полис барои ҳабси ин гумонбарон иқдом карда буд ва ҳоло амалиёти густардаи ҷустуҷӯи гумонбари дувум идома дорад.

Сарҳанги полиси аёлати Массачусетс, Тим Олбен ба хабарнигорон гуфт, чеҳраи ҳарду гумонбар ба аксҳое шабеҳанд, ки аз видеоҳои ҷойи воқеа гирифта шудаанд.

Расонаҳои ахбори оми Амрико мегӯянд, ҳарду гумонбар бо ҳам бародар буда, аз Қафқози Шимолӣ ба Иёлоти Муттаҳида омадаанд. Мақомоти интизомӣ онҳоро Ҷавҳар Тсарнаев ва Тамерлан Тсарнаев номидаанд. Дақиқ шудааст, ки Ҷавҳар 19-сола аст ва фирор кардааст. Аммо Тамерлан Тсарнаев дар муқовимат бо полис кушта шудааст.



Мактаби Ҷавҳар ва Темурлан Тсарнаевҳо дар Махачқалъа
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00


Ҷустуҷӯи ин ду нафар дар ҳоле суръат гирифт, ки шаби панҷшанбе як корманди полис дар ҳудуди Донишгоҳи технологии Массачусетс кушта шуд. Вай хост аз дуздида шудани як автомобили “Mercedes - SUV” пешгирӣ кунад, аммо ҳадафи тири рабояндагон қарор гирифт ва ба ҳалокат расид.

Полис дар пайи рабояндагон афтод ва ин мошинро дар шаҳраки Вотертаун кашф намуд. Ҳангоми наздик омадани полис байни ду гумонбари дар ҳоли фирор ва нерӯҳои полис тирандозӣ ба вуқӯъ пайваст. Полис ҳамчунин мегӯяд, гумонбарон чанд бастаи маводи таркандаро низ партоб кардаанд. Яке аз гумонбарон дар ин тирандозӣ кушта шуд ва дувумӣ дар ҳамин минтақа нопадид гаштааст.

Нерӯҳои полис ба кофтукови хона ба хонаи шаҳраки Вотертаун шурӯъ карда ва аз мардум хостаанд, дари худро банданд ва ба касе, ба ҷуз аз полис боз накунанд.
XS
SM
MD
LG