Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дума созишномаи низомиро тасвиб мекунад, Тоҷикистон чӣ?


Думаи Давлатии Русия эълон кард, ки имрӯз, 19 апрел созишномаҳои низомии худ бо Тоҷикистону Қирғизистонро ба тасвиб мерасонад.

Созишномаи байни Русия ва Тоҷикистонро 4 октябри соли 2012 раисони ҷумҳур Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе имзо карданд. Созишнома бо Қирғизистонро Путин ва Алмосбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон 18 октябр дар канори шаҳри Бишкек имзо карданд.

Порламони Қирғизистон то поёни соли 2012 ин созишномаро ба тасвиб расонд, вале порламони Тоҷикистон онро то ҳол ба тасвиб нарасондааст ва аз тасвиби он худдорӣ мекунад, дар ҳоле ки Маскав борҳо Душанберо ба ин кор даъват кардааст.

Имзои созишномаи низомии Тоҷикистону Русия пойбанди баъзе шартҳо шудааст. Ҷониби Русия ба шартҳое, ки қабл аз имзои ин санад розӣ шуда буд, ҳоло беэътиноӣ мекунад ва ба ҷуз аз созишномаи низомӣ се санади дигари ҳамкориҳоро нодида мегирад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00
Линки мустақим



Бар асоси тавофуқоти ҷонибҳо, бояд то оғози соли 2013 Русия се санади дигарро имзо мекард ва онҳо бояд аз аввали сол ба иҷро медаромаданд. Созишнома дар бораи бекор кардани боҷи гумрукии сӯзишворӣ, созишнома дар бораи 200 миллион доллари Русия барои таҷдиди аслиҳаву таҷҳизоти низомии артиши Тоҷикистон ва саранҷом созишнома дар бораи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирон бояд дар як баста бо созишномаи низомӣ барои тасвиб ба порламон фиристода мешуд.

Ҳангоми имзои созишномаи низомӣ бо Қирғизистон Путин мисли Тоҷикистон Қирғизистонро мутмаин сохта буд, ки барои иҷораи пойгоҳи Кант ҳар сол 4,5 миллион доллар пардохт мекунад, 489 миллион доллар қарзи Қирғизистонро аз эътибор соқит мешуморад ва Русия дар сохтмони сисилаи ниругоҳҳо дар рӯдхонаи Норин ва дар сохтмони ниругоҳи Қамбарота-1 сармоягузорӣ мекунад. Чунин ба назар мерасад, ки Русия шартҳо бо Қирғизистонро то андозае риоят мекунад.


Абдумаҷид Достиев
Абдумаҷид Достиев
Агар чунин равиши Русия нисбат ба Тоҷикистону Қирғизистонро қиёс кунем, мушоҳида мешавад, ки Русия дар шарту шароити иҷрои созишномаҳояш бо Қирқизистон самимитар аст. Абдумаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Маскав низ мегӯяд, ба назари вай ба тасавиб нарасидани созишномаи низомии Русия ва Тоҷикистон дар порлмони Тоҷикистон ба санадҳои дигари ҳамкорӣ иртибот дорад:

“Ман фикр мекунам, ки сабаби асосии ба тасвиб нарасидан мумкин ҳамин ҳам бошад. Аз ҷониби мо дар назар дорам. Муносибати байнидавлатӣ аз имтиёзҳо иборат нест. Аз қарордодҳо иборат аст, қарордодҳои баробарӣ, ба манфиати ду ҷониб. Ягон имтёзе аз ҷониби касе каси дигаре дар муносибатҳои байнидавлатӣ талаб надорад. Имтиёзи байнидавлатӣ имтиёз нест. Он ҷо қарордод ҳаст ва тарафҳо бояд баробар иҷрои онро аз якдигар талаб кунанд”.

Вале агар имрӯз, 19 апрел созишномаи низомии Тоҷикистону Русия дар Думаи Давлатӣ ба тасвиб расад, оё порламони Тоҷикистон ҳам онро тасвиб хоҳад кард? Дар посух ба ин суол оқои Достиев мегӯяд, ин кор ҳақи конститутсионии порламони Тоҷикистон аст, ки чӣ тарз ба ин масъала бархӯрд хоҳад кард.

Саттор Холов-муовини кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ҳар созишномае, ки раисони ҷумҳур имзо кардаанд, бояд дар порламон баррасӣ ва баъд ба тасвиб расад, вале то ҳол ин созишнома ва санадҳои дигари ҳамкории миёни Русия ва Тоҷикистон, ки вобаста ба созишномаи низомист, ба порламон ворид нашудааст.

Оқои Холов мегӯяд, ин санадҳои ҳамкорӣ бояд дар вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон марҳилаи таҳияву шартҳои иҷрои худро бигзаранд ва баъд ба порламон фиристода шаванд. Дар он сурат намояндагони мардумӣ бо назардошти манфиатҳои миллии худ онро баррасӣ мекунанд ва ба тасвиб мерасонанд.
XS
SM
MD
LG