Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум шуд


Додгоҳе дар Покистон Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури собиқи ин кишварро аз ҳаққи ширкат дар интихоботи порлумонии рӯзи 11 май маҳрум кард. Додгоҳи шаҳри Пешовар, рад шудани дархости сабти номи Парвиз Мушарраф дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Читрали Вилояти Хайбар Пахтунхваро дуруст ҳисобид. Вакили дифоъи Мушарраф гуфтааст, ки аз қарори додгоҳи Пешовар ба Додгоҳи Олии Покистон шикоят хоҳад бурд. Парвиз Мушаррафро аз ин пеш дар ҳавзаҳои интихоботӣ дар шаҳрҳои Исломобод, Карочӣ ва вилояти Панҷоб сабти ном накарданд. Мақомоти интихоботӣ мегӯянд, ба далели он ки таҳқиқи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи Парвиз Мушарраф идома дорад, ӯро барои ширкат дар интихобот сабти ном накардаанд. Парвиз Мушаррафро барои эъломи вазъи фавқуллода, барканор кардани додрасҳои Додгоҳи Олӣ дар соли 2007 ба хиёнат ба ватан муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG