Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико: "Афзал мешуморем бо Пхенян вориди гуфтугӯ шавем"


Вазири умури хориҷии Амрико рӯзи якшабе бори дигар таъкид кард, ки кишвараш тарҷеҳ медиҳад, ки бо Кореяи шимолӣ вориди гуфтугӯ шавад.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, Ҷон Керрӣ, ки дар охирин марҳилаи сафари 10-рӯзаи осиёии худ вориди Токио шудааст, рӯзи 14-уми апрел бо изҳори ин, ки Амрико тарҷеҳ медиҳад мушкилоти худро бо Кореяи шимолӣ аз тариқи гуфтугӯ ҳал кунад, гуфт: “Пхенян бояд дарк кунад, ки бо иқдомҳои ахир, бештар ба худ осеб мезанад, на ба дигарон.»

Вай ҳамчунин хотирнишон кард, ки партоби мушак аз ҷониби Кореяи шимолӣ, вазъи бе ин ҳам вахими минтақаро бештар ба хатар рӯбарӯ мекунад.

Дар пайи тамдиди таҳримҳои Шӯрои амният алайҳи Кореяи шимолӣ ва ҳамчунин размоиши муштараки Амрико ва Кореяи ҷанубӣ, Пхенян ҳолати таҳоҷумӣ ба худ гирифтааст. Кореяи шимолӣ зимни эъломи омодабоши воҳидҳои низомии худ, ки пойгоҳҳои Амрикоро ҳадаф гирифтаанд, ҳудуди ду ҳафта қабл аз тасмими худ барои роҳандозии дубораи як реактори платиниюм ва маркази ғанисозии уранюм хабар дод.

Вазири умури хориҷии Амрико пеш аз сафар ба Ҷопон, дар Пекин ва Сеул низ бо раҳбароин Чин ва Кореяи ҷанубӣ дар мавриди чигунагии муқобила бо таҳдидҳои ахири Кореяи шимолӣ гуфтугӯ кард.

Оқои Керри дар Пекин гуфт, дар мавриди чолишҳои дар пеш истода дар ҷазираи Корея, мо ба вижа ба таври дақиқ ва бо ҷузъиёт дар мавриди Кореяи шимолӣ ва ҷанубӣ, Ҷопон ва ҳатто Эрону Сурия ва масоили Шарқи миёна ва ҳамчунин густариши аслиҳаи атомӣ, бо раҳбарони Чин гуфтугӯ кардем.»

Вай дар Токио низ таъкид кард, ки Пхенян бояд нисбат ба аз байн бурдани силоҳҳои атомӣ ҷиддӣ бошад.

Ба гузориши хабаргузории Франс-прес, ҷопониҳо бим доранд, ки Кореяи шимолӣ, имрӯз душанбеи 15-уми апрел ва дар зодрӯзи Ким Ил Сунг, бунёдгузори режими коммунистӣ, даст ба партоби мушак бизананд. Ҷопон ахиран системаи дифои мушакии "Патриот"-ро дар атрофии Токио насб кардааст.
XS
SM
MD
LG