Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Гурҷистон Михаил Саакашвилиро бозпурсӣ мекунанд


Михаил Саакашвилӣ
Михаил Саакашвилӣ
Бидзина Иванишвилӣ-нахуствазирпи Гурҷистон гуфтааст, мумкин аст Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури ин кишвар ба таври расмӣ дар бораи сабабҳои оғози ҷанг бо Русия дар соли 2008 ба суолҳо ҷавоб диҳад.

Иванишвилӣ рӯзи чаҳоршанбе ба рӯзноманигорон гуфт, ки “ҳақиқат дар бораи ҷанг ҳеҷ гоҳ ба мардуми Гурҷистон боз нашудааст”.

Ин изҳороти Иванишвилӣ баъд аз чанд соати мусоҳибаи телевизионии Ираклӣ Аласания-вазири дифои Гурҷистон садо дод, ки мегуфт, вазорати онҳо расидагӣ ба ҷанги мухтасари моҳи августи соли 2008-ро оғоз хоҳад кард.

Баъд аз ин ҷанг Русия истиқлоли ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Абхозистон ва Асетияи Ҷанубиро ба расмият шинохт.

Давид Сангелидзе-раҳбари ҷиноҳи ҳизби ҳоким дар порламон низ изҳор дошт, ки як кумиссиюни порламонӣ сабабҳои ин ҷанг ва оқибатҳои онро таҳқиқ хоҳад кард.

Эътилофи Иванишвилӣ ҳизби Саакашвилиро дар интихоботи порламонии моҳи октябр шикаст дода буд.
XS
SM
MD
LG