Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Кэтрин Эштон


Дар нахустин лаҳзаҳо пас аз вуруди худ ба Белгия, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Кэтрин Эштон, ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дидору гуфтугӯ намуд. Тибқи иттилои расонаҳои давлатӣ, дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо хонум Кэтрин Эштон, масоили ҳамкориҳои мухталифи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни ин мулоқот хонум Эштон зимни истиқбол аз узвияти Тоҷикистон ба СҶТ, онро “бозшавии дарвозаҳо ба низоми тиҷорати ҷаҳонӣ ва имкони хуби густариши ҳамкорӣ бо ҷомеаи Аврупо номид”.

Дар мулоқоти ҷонибҳо ҳамчунин вазъи амният дар Афғонистон, стратегияи нави Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Миёна ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мавриди баҳс қарор гирифтанд.

Хотиррасон мекунем, ки субҳи 9-уми апрел, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми як сафари расмӣ, ба Белгия сафар кард. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 9 апрел ба "Озодӣ" гуфт, сафари президенти Тоҷикистон дар Белгия тайи ду рӯзи оянда идома хоҳад кард. Дар ҷараёни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо мақомоти Белгия ва ҳамчунин раиси Порлумони Аврупо Мартин Шултс дидору гуфтушунид хоҳад дошт.

Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Белгия бо даъвати Белгия анҷом мешавад. Ҳанӯз моҳи майи соли гузашта муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Белгия Дидйе Рейндерс дар боздиде аз Душанбе, изҳор дошта буд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистонро барои анҷоми як сафари расмӣ ба Белгия даъват намудааст. Баррасии бархе аз масъалаҳои зикршуда дар он боздид оғоз гирифта буд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар сафари Белгия вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири энергетика ва саноати кишвар Гул Шералӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, ҳамроҳӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG