Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли мармузи 13 нафар дар Сербия


Дар Сербия як марди 60-сола 13 нафарро ҳадафи тир қарор дод ва сипас даст ба худкушӣ зад. Аз дасти ӯ шаш мард, шаш зан ва як кӯдак ба ҳалокат расида,як нафар маҷрӯҳ шуд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, мард мехост зани худро ҳам бикушад. Қотил ва зани маҷрӯҳаш ба бемористон интиқол ёфтанд ва вазъи онҳо сангин арзёбӣ мешавад.

Фоҷиа дар деҳаи Велика Ивантс, воқеъ дар 50-километрии ҷанубу шарқи Белград, рӯй додааст. Дар бораи ангезаҳои ҳодиса иттилоъ дода нашудааст. Тафтишот идома дорад.
XS
SM
MD
LG