Пайвандҳои дастрасӣ

Димишқ нозирони СММ-ро ба кишвар роҳ надод


Мақомоти Сурия ба нозирони СММ, ки мехостанд хабари истифодаи силоҳи кимиёвӣ аз сӯи мухолифини мусаллаҳи Димиқшро тафтиш кунанд, иҷоза вуруд ба кишвар надод. Дар изҳороти вазоркти умури хориҷии Сурия гуфта шудааст, Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ба нозирон пешниҳод кардааст то дар ҳама қаламрави Сурия кор кунанд, ки ин хилофи дархости Сурия аз Созмони Милал аст.
Димишқ аз СММ хоста буд, ки ҳодисаи мушаххаси истифодаи силоҳи кимиёвӣ аз сӯи ошӯбгаронро тафтиш кунад. Ба иттилои Би-Би-Си, Дабири кулли СММ барои он пойфишорӣ дорад, ки ҳама ҳодисаҳои эҳтимоли истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар Сурия пажуҳиш шаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG