Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон идома мекунад


Қарор аст, имрӯз дар Қазоқистон музокироти қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон бар сари барномаҳои баҳсбарангези атомии ин кишвар идома кунад. Рӯзи ҷумъа даври нави музокироти Амрикову Русия, Чину Фаронса ва Олмону Бритониё бо Эрон дар шаҳри Алмаато шурӯъ шуд. Дар пайи ин як дипломати ғарбӣ бо шарти ишфо накардани номаш гуфт, Эрон ҳанӯз ба пешниҳодоти қудратҳои ҷаҳонӣ барои ҳалли бӯҳрони барномаҳои атомиаш “посухи возеҳу мушаххас” надодааст. Пештар аз ин Алии Боқирӣ муовини Сайид Ҷалилӣ музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон гуфт, ки кишвараш пешниҳодоти худро дар бораи роҳи ҳалли бӯҳрон пешниҳод кардааст ва аз ин бештар шарҳе надод. Моҳи феврал дар даври пешини музокирот дар Алмаатои Қазоқистон, қудратҳои ҷаҳонӣ гуфтанд, ки дар сурати боздоштани ғанисозии ураниум дар Эрон, баъзе аз таҳримот алайҳи онро лағв мекунанд. Ин қудратҳо мегӯянд, Эрон саъй дорад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, вале Теҳрон ин иддаъоро пайваста рад кардааст.
XS
SM
MD
LG