Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври нави музокирот бо Эрон. Боз дар Алма-Ато


Эштон ва Ҷалилӣ дар Алма-Ато
Эштон ва Ҷалилӣ дар Алма-Ато
Қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон имрӯз дар Алма-Атои Қазоқистон даври нави музокироти барномаи зиддунақизи ҳастаии Теҳронро баргузор мекунанд. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетирн Эштон, ки гурӯҳи мавсум ба 5+1, бо шумули Амрикову Русия, Чину Фаронса ва Бритониёву Олмонро намояндагӣ мекунад, қабл аз шурӯъи музокирот изҳори “хушбинии мӯҳтотона” кард. Раҳбари ҳайъати Эрон Саид Ҷалилӣ гуфт, имкони пешрафт бастагӣ ба қудратҳои ҷаҳонӣ дорад, ки ҳаққи Эрон ба ғанисозии уранро эътироф кунанд. Дар даври қаблӣ дар моҳи феврал, 5+1 ба Эрон дар ивази тавқифи ғанисозӣ сабуктар кардани бархе таҳримоти иқтисодиро пешниҳод карда буд. Михаэл Манн- сухангӯи Эштон гуфт, барои ин даври гуфтугӯ ду рӯз пешбинӣ шудааст, вале афзуд, агар пешрафте ба даст наояд, нишаст шояд дар як рӯз анҷом ёбад.
XS
SM
MD
LG