Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати ҳазорон нафар дар азои се фаластинӣ


Дар маросими дафни се фаластинӣ, ки яке дар зиндони Исроил ва ду нафари дигарашон аз дасти сарбозони исроилӣ ҳалок шуданд, ҳазорон нафар ширкат карданд. Абу Ҳамдияро, ки бар асари бемории саратони ҳалқ дар шифохонаи зиндони Исроил фавтид, бо шарафи низомӣ дар шаҳри Ҳеброн дар Канораи Ғарби Рӯди Урдун дафн карданд. Марги Ҳамдия тазоҳуроти зиёдеро дар Канори Ғарб барангехт, ки мегӯянд, Исроил дар табобати ӯ таъхир кардааст. Ду ҷавони фаластинӣ дар ин тазоҳуротҳо дар даргирие бо сарбозони исроилӣ кушта шуданд. Даргирии шоми чаҳоршанбе дар инҷо аз хушунатҳои бадтарин дар чанд соли ахир дар Канораи Ғарб будааст. Маҳбуд Аббос, раиси ҷумҳури фаластиниён гуфт, ки истифодаи зӯр аз тарафи Исроил, талошҳои Амрико барои эҳёи музокироти сулҳ миёни Исроилу Фаластинӣ ба хатар меандозад.
XS
SM
MD
LG