Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳлати ҳабси хонагии Удалтсовро тамдид карданд


Додгоҳи шаҳри Маскав мӯҳлати ҳабси хонагии Сергей Удалтсов, як пешвои мухолифони давлат дар Русияро то 5 моҳи дигар тамдид кардааст. Додгоҳи ноҳияи Басманний, рӯзи душанбе гуфт, мӯҳлати ҳабсро ба хотири муайян намудани баргузоркунандагони ошӯбҳои зиддиҳукуматӣ дар як майдони марказии шаҳри Маскав то рӯзи 6 август тамдид кард. Сергей Удалтсовро ҳамроҳ бо ду фаъоли дигари мухолифин Константин Лебедев ва Леонид Развозжаев ба барангехтани ҳамин ошӯбҳо муттаҳам мекунанд. Муфаттишони рус гуфтаанд, ки ин се нафар соли гузашта бо шаҳрвандони хориҷӣ чанд дафъа мулоқот ва ошӯбҳои хушунатомезро тарҳрезӣ кардаанд. Додгоҳи Маскав моҳи феврал Сергей Удалтсовро то рӯзи 6 апрел ба ҳабси хонагӣ маҳкум карда буд. Бар асоси ин ҳукм ӯ ҳақ надорад, ба ғайр аз аъзои хонаводаву муфаттишон ва вакили дифоъаш бо ҳеҷ кас муошират кунад.
XS
SM
MD
LG