Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афроди номаълум дар мактаби Карочӣ тирандозӣ карданд


Дар шаҳри Карочии Покистон шумораи номаълуми афрод ба мактаби ибтидоӣ ҳамла бурдаанд ва яке аз раҳбарони мактабро ба қатл расондаанд.

Ин ҳодиса замоне рух додааст, ки рӯзи шанбе шогирдони аз 5 то 10 солаи мактаб ҷамъ омадаанд, то натиҷаҳои имтиҳонҳои солонаи худро бифаҳманд.

Бино ба гузоришҳо, дар тирандозӣ дастикам 8 шогирди мактаб ҷароҳат бардоштаанд. Касе массъулияти ин тирандозиро бар уҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG