Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия сармоягузории хориҷӣ дар NGO-ҳоро мудохила номид


Русия мегӯяд, идомаи сармоягузориҳои Амрико дар созмонҳои ғайридавлатӣ ё NGO-ҳои Русия “мудохилаи ошокоро ба корҳои дохила”-и кишвраш аст. Александр Лукашевич-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Русия ба эъломияи хонум Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико ишора кард.

Вай ёдовар шуд, ки талошҳои Амрико барои идомаи сармоягузорӣ дар созмонҳои ғайридавлатӣ тавассути кишварҳои севвуми миёнрав талоше барои фиреби қонунҳои Русия мебошад.

Лукашевич гуфт, чунин фаъолиятҳо “созмонҳои ғайридавлатии Русияро “ташвиқ” мекунад, ки қонунҳо дар бораи фаъолияти созмонҳои ғайритиҷоратиро дар қаламрави Русия вайрон кунанд.

Ҳафтаҳои ахир мақомоти интизомии Русия дар саросари кишвар дар даҳҳо созмони ғайридавлатӣ тафтиш анҷом доданд, то бовар ҳосил шавад, ки созмонҳои ғайридавлатӣ бо гирифтани маблағ аз хориҷа қонунҳоро риоят мекунанд.
Виктория Нуланд ин тафтишҳоро “шикори сеҳрнок”-и созмонҳои ғайридавлатӣ номид.
XS
SM
MD
LG