Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

140 соат кори иҷборӣ - барои таҳқири муҳоҷирон


Додгоҳи ноҳияи Заволжский дар Уляновски Русия менеҷери 28-солаи яке аз ширкатҳои маҳаллиро бо ҷурми таҳқири шаъну шарафи муҳоҷирон ва барангехтани адовати қавмиву нажодӣ ба 140 соат кори иҷборӣ маҳкум кард. Дмитрий Дорофеев ва Иля Варакини 23-сола рӯзи 1 майи соли 2011 таҳти шиори “Сегодня – мигрант, завтра – оккупант” дар шаҳри Уляновск гирдиҳамоӣ доир карда, ба гуфтаи додгоҳ, нисбат ба муҳоҷирон носазо гуфтаанд. Варакин аз додгоҳ фирор кардааст ва ҳоло таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад. Ин мурофиа аз ангуштшумор мавридҳои муҷозот барои таҳқири муҳоҷирон дар Русия аст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бегонабадбинӣ дар Русия дар солҳои охир меафзояд.
XS
SM
MD
LG