Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади як ҷавони 21-соларо аз Маскав ба Душанбе оварданд


Ҷасади Рустам Аминови 21-сола.
Ҷасади Рустам Аминови 21-сола.
Муддати ҳафт рӯзи гузашта дар Русия ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон бо сабабҳои мухталиф ҷон додаанд. Иззат Амон, раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия рӯзи 29-уми март ба «Озодӣ» гуфт, ки шоми дирӯз дар хаттсайри Маскав-Душанбе, ҷасади Рустам Аминови 21-сола, сокини шаҳри Норакро ба Душанбе интиқол доданд. Рустам Аминов дар як сохтмони назди Маскав кор мекард, аммо бо сабабҳои норӯшан бочкаи бузурги об аз баландии сохтмони ниматамом хато хӯрда бар болои ӯ меафтад, ки дар натиҷа ҷон медиҳад. Иззат Амон мегӯяд, ки ҷасади Рустам як шаб дар сардхонаи Одинсово хобида буд ва бо кӯмаки дастиҷамъии шаҳрвандони Тоҷикистон бо пардохти 1000 доллар, бо ҳавопаймо ба зодгоҳаш интиқол дода шуд.

Ба қавли Иззат Амон, ду рӯз қабл ҷасади шаҳрванди дигари Тоҷикистон Хуршеди Одиназодаи Турахонро (соли тавалуд 1992) ба Душанбе интиқол додаанд. Хуршеди Одиназодаро скинхедҳо боздошт намуда, пас аз ба қатл расонидан, ҷасади ӯро зери электричка меандозанд, ки баданаш 5 тақсим шудааст.

Иззат Амон афзуд, ки дар як ҳафтаи ахир бо дастгирии доваталабонаи молии муҳоҷирони корӣ, аз Маскав 7 тобути шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Душанбе интиқол додаанд, ки дар роҳи ирсоли ҷасадҳо, 200000 рубл харҷ шудааст.
XS
SM
MD
LG