Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонкҳои Қибрис имрӯз корро аз сар мегиранд


Қарор аст, имрӯз бонкҳои Қибрис пас аз ду ҳафта таътили маҷбурӣ дарҳои худро ба рӯзи мизоҷони хеш боз кунанд. Бо амри вазорати молияи Миср, баъди ба кор шурӯъ кардани бонкҳо, мизоҷон ҳақ надоранд, аз ҳисоби худ дар як рӯз бештар аз 300 евро бигиранд. Дигар инки, пардохт бо чек мамнӯъ шудааст ва истифода аз кортҳои кредитии Қибрис дар хориҷро низ маҳдуд мекунанд. Бонкҳои гирифтори мушкилоти Қибрис аз бими онки мизоҷон ба таври оммавӣ пулҳои худро аз бонкҳо хоҳанд гирифт, ду ҳафта пеш кори худро муттавақиф карданд. Ҳукумати Қибрис дар ин ду ҳафта бо созмонҳои молӣ барои гирифтани 10 миллиард евро кӯмаки молӣ музокира дошт. Созиш дар ин замина дар рӯзи душанбе ҳосил шуд, вале онҳое, ки дар бонкҳои Қибрис бештар аз 100 ҳазор евро доранд, пули зиёди худро аз даст хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG