Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи СММ ду сербро ба зиндон маҳкум кард


Додгоҳи Созмони Милал ду мақоми собиқи сербҳои босниро барои иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ дар ҷангҳои солҳои 1992 -95 дар Босния ба 22 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятҳои Ҷангӣ барои Югославияи собиқ рӯзи чаҳоршанбе зимни судури ҳукм гуфт, ки Мико Станисич ва Стоян Зуплянин дар маъракаи қатлу куштор ва азияту таъқиби босниҳои мусулмон ва хорватиҳо нақши зиёд доштаанд. Станисичи 58-сола дар он замон вазири умури дохилии ҷумҳурии Сербҳои Босния ва Зуплянини 61-сола аз маъмурони баландпояи амниятӣ будааст. Ҳарду дар гузашта дастёрони наздики Радован Караджич, раҳбари сербҳои боснӣ будаанд, ки ҳоло дар ҳамин додгоҳ ба наслкушӣ муттаҳам мешавад. Аввалӣ соли 2005 худаш ба додгоҳи Созмони Милал таслим шуд, дуввумиро соли 2008 дастгир карданд.
XS
SM
MD
LG