Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори тунди Кореяи шимолӣ ба хонум Пак


Пак Геун-Ҳӣ
Пак Геун-Ҳӣ
Кореяи шимолӣ раисиҷумҳури Кореяи ҷанубӣ Пак Геун-Ҳиро ҳушдор дод, ки «забонашро нигоҳ бидорад.» Хонум Пак аз Пхенян даъват карда буд, ки сиёсаташро тағйир дода, аз аҳдофи ҳастаӣ даст бардорад. Пак рӯзи сешанбе гуфт, танҳо роҳи наҷоти Кореяи шимолӣ «қатъи иғвову таҳдидҳо ва манъи мушакҳову силоҳҳои ҳастаист.» Кореяи шимолӣ дар баёнияе, ки имрӯз аз тариқи хабаргузории давлатиаш нашр кард, Пакро ҳушдор дод, ки «бо эҳтиёт рафтор кунад», то аз «фалокати бузург» эмин монад. Ин раддубадалҳо дар пасманзари афзоиши дигарбораи танишҳо дар нимқораи Корея аст. Пхенян дирӯз эълон кард, ки мушакҳояш акнун пойгоҳҳои Амрико дар Гуам, Ҳавайи ва дохили Амрикоро ба ҳадаф гирифтаанд. Вазорати дифоъи Амрико гуфт, ба «ҳар навъ ҳолат» омода ҳаст. Амрикову Кореяи ҷанубӣ ба машқҳои муштараке пардохтаанд, ки то поёни моҳи апрел давом мекунад.
XS
SM
MD
LG