Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар канори Маскав муҳоҷирони ғайриқонуниро ошкор карданд


Раёсати корҳои дохилаи Русия ба матбуот гуфтааст, ки дар қисмати ғарбии ин шаҳр 137 муҳоҷири ғайриқонунии Тоҷикистону Узбакистонро ошкор кардаанд. Онҳо дар қаламрави як иттиҳодияи илмӣ-тавлидотӣ зиндагӣ мекардаанд ва ба корҳои сохтмон машғул будаанд.

Дар ҷараёни тафтиш маълум шудааст, ки 94 нафари онҳо иҷоқзаи кор дар қаламрави Русияро надоранд. 28 нафари дигар бидуни шиноснома дар қаламрави Русия ба сар мебаранд.

Ҳоло расидагӣ ба фаъолияти раҳбарони иттиҳодия, ки коргаронро бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ кор мефармуданд, идома дорад.
XS
SM
MD
LG