Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири корҳои хориҷаи Амрико вориди Афғонистон шуд


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико рӯзи душанбе ғайримунтазира барои боздид вориди Афғонистон шуд. Ин нахустин боздии вай аз Афғонистон баъд аз расидан ба мақоми вазири корҳои хориҷа мебошад.

Вай дар мулоқот бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳур вогузории масъулиятҳои амниятӣ ба нируҳои давлатии Афғонистонро баррасӣ мекунад.

Як мақоми расмии Амрико, ки дар ин сафар Ҷон Керриро ҳамроҳӣ мекунад, ба матбуот гуфт, вазири хориҷаи Амрико ба таври ошкор хоҳад гуфт, ки баъд аз вогузор кардани масъулияти амниятӣ бар дӯши нируҳои Афғонистон низ Амрико ҳамеша ба кӯмак омода хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG