Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дунё 13,8 миллиард сол доштааст


Донишмандон мегӯянд, умри дунё назар ба он чӣ ки қаблан бовар мерафт, бештар будааст. Ташхиси дақиқтари радиатсияи бозмонда аз замони офариниши дунё нишон дод, ки “Таркиши бузург” ё “Big Bang” ҳанӯз 13,8 миллиард сол пеш рух додааст. Яъне тақрибан 100 миллион сол қаблтар аз ҳисобҳои қаблӣ. Ин кашфиёт аз нахустин натоиҷи таҳлили маълумотест, ки моҳвораи “Planck”-и Ожонси кайҳоншиносии Аврупо дастрас кардааст.
XS
SM
MD
LG