Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порламон барои маҳдудияти салоҳияти президент рай дод


Порламони Гурҷистон
Порламони Гурҷистон
Намояндагони порламони Гурҷистон ба ҷонибдорӣ аз маҳдуд сохтани салоҳиятҳои раиси ҷумҳури кишварашон рай доданд. Дар муборизаи миёни раиси ҷумҳур Михаил Саакашвилӣ ва нахуствазир Бидзина Иванишвилӣ ин марҳилаи ниҳоӣ дониста мешавад.

Ҳизби Ҷунбиши Муттаҳидаи Милии Саакашвилӣ интихоботи порламониро дар моҳи октябри соли гузашта ба эътилофи “Орзуи гурҷиҳо”-и Иванишвилӣ бохт ва аз он вақт ин ду нафар муборизаро оғоз кардаанд.

Се даври райдиҳӣ дар порламон сурат мегирад. Дар нахустин давр рӯзи панҷшанбе намояндагони порламон бо райи худ раиси ҷумҳурро аз пароканда кардани порламон ва ҳукумат маҳрум сохтанд.

Дар як намоиши телевизионӣ Саакашвилӣ гуфт, ки чунин райи порламон барои “Муколамаи демократӣ” муҳим аст.
XS
SM
MD
LG