Ҷамъиятҳои тоҷикони Санкт Петербург таҷлили Наврӯзро рӯзи 18 март бо ширкати донишҷӯён ва иттиҳодияҳои гуногуни тоҷикони шаҳр оғоз карданд. Дар ин шаҳри аз Тоҷикистон дур ҳам сумалак буд ва ҳам дигар таомҳои наврӯзӣ, ки дар ин ҷашн таҳия мекунанд.
Муҳаммадназар Мирзода, консули ифтихории Тоҷикистон дар Санкт Петербург, дар ин ҷашн паёми табрикии Абдулмаҷид Достиев сафири Тоҷикистонро расонидааст.
Рӯзи 19 март дар Санкт Петербург ҷашни Наврӯзи ҷамъиятҳои миллии шаҳр баргузор шудааст ва дар он губернатори шаҳр Георгий Полтавченко мардумро бо ин ҷашн табрик гуфтааст.
Рӯзи 23-март бахшида ба Наврӯз дар майдони зимистонаи тими футболи Зенит мусобиқаи гуштӣ баргузор мешавад, ки дар он паҳлавонони тоҷик низ қувва меозмоянд.
Шарҳҳоро бинед (3)
Боз кардани шарҳи бештар