Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми наврӯзии Барак Обама ба мардуми Эрон


 Барак Обама
Барак Обама

Президенти ИМА мегӯяд, Наврӯз беҳтарин фурсат барои давлати Эрон аст, то бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ намуда, нигарониҳо дар иртибот бо барномаи ҳастаияшро аз байн барад

Президенти ИМА Барак Обама дар як паёми наврӯзӣ мардуми Эронро бо фарорасии Наврӯз табрик намуда, ҳукумати ин кишварро ба ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст. Президенти ИМА мегӯяд:
Ҳамзамон бо гирдиҳам омадани хонаводаҳо барои ҷашни Наврӯз мехоҳам беҳтарин орзуҳоямро ба муносибати фаро расидани баҳор ва соли нав иброз кунам. Дар саросари ҷаҳон ва ин ҷо дар ИМА шумо даври суфраи наврӯзӣ ҷамъ шудаед, то шукргузори вуҷуди азизонатон бошед, ба неъматҳо бияндешед ва ба ҳама фурсатҳои фасли нав хуш омад бигӯед. Ҳамон гуна, ки ман ҳар сол ба унвони президент анҷом додаам, мехоҳам аз ин фурсатро барои гуфтугӯи мустақим бо мардуми Эрон ва раҳбарони Эрон истифода кунам. Аз замони оғози даври раёсатҷумҳурӣ ман фурсатро ба давлати Эрон ироа додаам, ки дар сурати амал ба масъулиятҳои байналмилалиаш, фурсате барои эҷоди равобити тоза миёни ИМА ва Эрон имконпазир аст ва Эрон метавонад ба ҷойгоҳи воқеияш дар ҷомеаи кишварҳо баргардад. Ман дар мавриди ғалаба болои даҳсолаҳои беээътимодӣ таваҳҳум надорам. Ҳалли ихтилофҳои зиёде, ки миёни ИМА ва Эрон вуҷуд дорад, ниёзманди талошҳои ҷиддӣ ва мутадовим аст. Ин шомили нигарониҳои ҷиддии ҷаҳон дар бораи барномаи ҳастаии Эрон мебошад, ки сулҳи минтақа ва фаротар аз онро таҳдид мекунад.”


Президенти ИМА меафзояд, ки сарфи назар аз он, ки раҳбарони Эрон ҳадаф аз барномаи ҳастаии худро рушди тиб ва тавлиди нерӯи барқ меноманд, то кунун онҳо натавонистаанд, ки нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳониро аз байн бурда, ин иддаои худро собит кунанд. Ба қавли Обама нархи гарони ин мушкилро мардуми Эрон пардохт мекунад, зеро раҳбаронаш хоҳиш надоранд нигарониҳоро рафъ намоянд. Президенти ИМА мегӯяд, акнун замоне фаро расидааст, ки давлати Эрон барои костани таниш гомҳои ҷиддӣ ва бомаънӣ бардорад.
Обама меафзояд, дар сурати ҳалли ин мушкил мардуми Эрон ба зудтарин фурсат мафоди ин амалро эҳсос хоҳад кард. Ба қавли президенти ИМА ҳоло интихоб ба дасти раҳбарони Эрон аст, ки роҳи ҳамкориро пеш мегиранд ва ё саркширо идома дода, кишварро дар инзивои бештар қарор медиҳанд.
XS
SM
MD
LG