Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар фурӯши аслиҳа аз Бритониё гузашт


Бино ба як гузориши тоза, Чин дар фурӯши силоҳ Бритониёро пеш гузашта ва ба панҷумин фурӯшандаи бузурги силоҳ дар ҷаҳон табдил шудааст. Пажӯҳишгоҳи Сулҳи Байналмилалӣ дар шаҳри Стокҳолм бо нашри ин гузориш гуфт, бузургтарин харидори аслии аслиҳаи Чин Покистон аст ва 55 дар сади аслиҳаи содиротии онро мехарад. Бар тибқи ин гузориш, Ҷумҳурии Мардумии Чин аз соли 2008 то соли 2012 содироти аслиҳаро 162 дар сад афзоиш додааст. Айни замон Амрико ҳамчунон бузургтарин фурӯшандаи силоҳ дар ҷаҳон мемонад, ки 30 дар сади ин бозорро дар даст дорад. Баъдан Русия аст, ки 26 дар сади аслиҳаи бозори ҷаҳониро мефурушад. Баъдан Олмон, Фаронса ва Чин меоянд, ки саҳмашон дар бозори аслиҳа 7, 6 ва 5 дар садро ташкил медиҳад. Дар садри ҷадвали харидорони аслии аслиҳа дар ҷаҳон Ҳинд будааст.
XS
SM
MD
LG