Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин шеваи кӯмак ба Қибрисро "хатарнок" хонд


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, тарҳи ҷанҷолбарангези кӯмакҳои молӣ ба бонкҳои Қибрисро “ноодилона, ғайриҳирфаӣ ва хатарнок” хондааст. Сухангӯи ӯ, Дмитрий Песков рӯзи душанбе гуфт, Владимир Путин дар ин бора дар як ҷаласаи хос дар бораи вазъи Қибриси мӯҳтоҷ ба кӯмаки молӣ сухан гуфтааст. Бар асоси тарҳе, ки Қибрис ва созмонҳои байналмилалии молӣ сари он ба мувофиқа расидаанд, бояд амонатгузорон дар ивази 10 миллиард евро кӯмак ба бонкҳои мӯҳтоҷи Қибрис даҳ дар садии амонатҳои худро ба ин бонкҳо бидиҳанд. Ба гузориши муассисаи рутбасанҷии Муди, то охири соли гузашта бонку ширкатҳои Русия дар бонкҳои Қибрис бештар аз 30 миллиард доллар амонат доштаанд. Порлумони Қибрис имрӯз дар бораи ин тарҳ раъйгирӣ баргузор мекунад. Мардуми Қибрис аз ин тарҳ ба хашм омада ва онро як навъи дуздии қонунии маблағҳои худ хондаанд. Никос Анастасиадес, раиси ҷумҳури Қибрис рӯзи якшанбе гуфт, ҳамин созиш, “беҳтарин” роҳи эмин нигаҳ доштани кишвараш аз варшикастагӣ ва берун шудан аз ҳавзаи евро будааст.
XS
SM
MD
LG