Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршинос: "Гуфтугӯ бо Толибон ба бунбаст расидааст"


Ваҳид Мужда, коршиноси масоили сиёсӣ.
Ваҳид Мужда, коршиноси масоили сиёсӣ.

Бархе аз коршиносони сиёсии афғон мегӯянд, ки талошҳо барои музокира бо мухолифони мусаллаҳ дар Афғонистон, ба бунбаст рӯбарӯ шудааст.

Аммо Шӯрои олии сулҳ дар ин кишвар мегӯяд, ки ин раванд ба таври пинҳонӣ ҷараён дорад.

Ваҳид Мужда, як таҳлилгари афғон, ки замони режими Толибон дар вазорати умури хориҷии ҳукумати онҳо кор мекард, мегӯяд, ҳарчанд дафтари Толибон ба мувофиқати ҳукумати Афғонистон ва Амрико дар Қатар боз шудааст, аммо музокирот ба таъхир афтодааст. Ба гуфтаи оқои Мужда, то кунун Амрико шартҳое, ки аз сӯи Толибон гузошта шуд, амалӣ накардааст ва ҳамин мавзӯъ яке аз сабабҳои мутаваққиф шудани гуфтугӯҳои сулҳ мебошад.

«Пас аз он ки амрикоиҳо ҳозир нашуданд номи сарони Толибонро аз рӯйхати сиёҳ берун бикашанд ва чанд нафарро аз зиндони Гуантанамо раҳо бисозанд, пас аз он музокирот мутаваққиф шуд ва ҳукумати Афғонистон ҳам тавони инро надошт, ки бо Толибон музокира кунад. Агар ин раванд идома ёбад, мо наметавонем ба як мувофиқаи сулҳ даст ёбем.»

Ба гуфтаи оқои Мужда, Толибон бо имзои созишномаи амниятии Афғонистон ва Амрико мухолифанд ва замоне, ки он ба имзо бирасад, гуфтугӯҳои сулҳ ба таври комил аз миён бардошта хоҳад шуд. Вай ҳамчунин гуфт, ки чанде қабл Амрико Мавлоно Фазл Раҳмон, як пешвои мазҳабии Покистонро барои гуфтугӯ бо Толибон ба Қатар фиристод, аммо Толибон аз мулоқот бо вай худдорӣ карданд.

Мутаваққиф шудани гуфтугӯҳои сулҳ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки моҳи гузашта раҳбарони Афғонистон, Покистон ва Бритониё дар нишасти сеҷониба тавофуқ карданд, ки дар муддати шаш моҳи оянда ба як созиши сулҳ даст ёбанд. Аммо ҳамакнун дида мешавад, ки се кишвар барои барқарории сулҳ ва ба даст омадани ин тавофуқ, кори лозимро анҷом надоданд.

Дар ин ҳол масъулони Шӯрои олии сулҳи Афғонистон мутаваққиф шудани гуфтугӯҳои сулҳ бо мухолифони мусаллаҳро рад мекунанд. Ҳабибуллоҳ Фавзӣ, раиси Кумитаи байналмилалии ин Шӯро рӯзи якшанбе дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, ки акнун ин талошҳо ба таври пинҳонӣ ҷараён доранд: «Шояд як силсила мушкилот мавҷуд бошад, аммо равобити мо бо Толибон ва давлати Қатар вуҷуд дорад ва мо талош дорем то музокирот бо Толибонро ба таври расмӣ пеш барем.» Оқои Фавзӣ ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки гуфтугӯҳои сулҳо бо Толибон дар Қатар ба зудӣ оғоз шавад.

Ҳарчанд Шӯрои олии сулҳи Афғонистон аз гуфтугӯҳои пинҳонӣ бо Толибон сухан мегӯяд, аммо гуфта мешавад ки мушкилоти зиёде дар ин раванд вуҷуд дорад. Чунончи раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ҳафтаи гузашта аз гуфтугӯҳои пинҳонии Толибони мусаллаҳ ва Амрико интиқод кард. Интиқоде, ки ҳатто сабаби тирагии муносибатҳо миёни Кобул ва Вошингтон шудааст.
XS
SM
MD
LG