Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

60% зиддиятҳо дар марз бо Узбакистон рух медиҳад


Марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд. Акс аз бойгонӣ.
Марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд. Акс аз бойгонӣ.

Марзбонони қирғиз сарҳади Узбакистонро мушкилтарин бахши марзҳои Қирғизистон гуфтаанд.

Аз моҳи январи соли 2010 то моҳи феврали 2013 дар марзи Қирғизистон бо Узбакистон 102 мавриди қонуншиканӣ ва ҳолати изтирорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин шумора нисбат ба теъдоди умумии зиддиятҳо дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон, Қазоқистон ва Чин 60 дар сад зиёд будааст. Ин рақамҳо дар ҷараёни нишасти ахири Хадамоти марзбонии Қирғизистон эълон шуданд.

Ба иттилои марзбонони қирғиз, аз моҳи январи соли 2010 то моҳи феврали соли 2013 дар марзи ин кишвар бо давлатҳои ҳамсояаш дар маҷмӯъ 172 ҳолати қонуншиканӣ ва зиддият ба қайд гирифта шудааст.

Марзҳои Қирғизистон бо Чин ва Қазоқистон ҳудуди аз ҳама ором ва барқарор ба ҳисоб рафта, аксари ҳодисаҳои қонуншиканӣ ва зиддиятҳо дар марзи Қирғизистон бо Узбакистон ва Тоҷикистон содир мешудааст. Аз ҷумла, таи се соли сипаришуда дар марзи Қирғизистон бо Узбакистон 102 ҳолат ва дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон 62 ҳолати қонуншиканӣ мушоҳида гардидааст.

Ҳодисаи дар санаи 5-ум ва 6-уми январи соли 2013 дар минтақаи Сӯхи марзи Узбакистон бо Қирғизистон рухдода яке аз муноқишаҳои калонтарин ба ҳисоб меравад. 5-уми январ амалкарди марзбонони қирғиз, ки дар ҳудуди мавриди баҳси дуҷониб сутунҳои барқ насб мекарданд, боиси норозигии сокинони деҳаи Ҳушёри ҷазирақаламрави Сӯх гардид ва 6-уми январ ин норозигӣ боиси аз силоҳ кор гирифтани марзбонони қирғиз шуд, ки онҳо 5 сокини деҳаи Ҳушёрро маҷрӯҳ намуданд. Сокинони Сӯх ҳам ба марзбонони қирғиз ҳамла карда, ҳамзамон 30 шаҳрванди Қирғизистонро ба гарав гирифтанд. Танҳо 7-уми январ ба ҷонибҳо муяссар шуд, ки ба ин ҷанҷол хотима бахшанд.

Қирғизистон дар рӯзҳои минбаъда дар манотиқи атрофи Сӯх вазъи фавқулодда ҷорӣ карда, роҳи байни Сӯху Риштонро баст, ки ба гуфтаи сокинон, зиндагии онҳоро сахт мушкил кард. Танҳо баъди 20 рӯзи ҷорӣ будани вазъи фавқулода Қирғизистон ба ҳукумати Узбакистон иҷозат дод, ки ба ин ҷазирақаламраваш кумакҳои башардӯстонаро интиқол диҳад.

Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, далели аслии ҳодисаҳои нохуш ва зиддиятҳо дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон ва Узбакистон то ҳол пурра муайян нашудани хатти марз аст. Қонуншиканиҳо дар марз асосан дар мавсими оғози киштукор ва парвариши зироату ҷамъоварии ҳосил, яъне дар фаслҳои баҳору тобистон ва тирамоҳ зиёдтар мушоҳида мешудааст, ки дар ин давра байни аҳолии манотиқи марзӣ ҷанҷолҳо сари об ва интиқоли ғайриқонунии маҳсулот ба назар мерасад.

Ба бовари коршиносон, барои ҳалли зиддиятҳо дар марзи Қирғизистон бо ҳамсоякишварҳояш - Тоҷикистону Узбакистон бояд масоили минтақаҳои баҳсӣ дар ин марзҳо ҳаллу фасл гарданд ва хатти марз пурра таъйину аломатгузорӣ шавад. Чизе ки ин кишварҳо тайи инак 21 соли гузашта аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ натавонистанд ҳал кунанд.

Бино ба маълумоти расмӣ, Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то имрӯз танҳо 59 дарсад ё 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту халос.
XS
SM
MD
LG