Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пойтахт" дубора ба эфир баргашт


Телевизони «Пойтахт» пас аз 20 рӯзи танаффус, шомгоҳи рӯзи панҷшанбе ба пахши барномаҳои худ оғоз кард.

Пахши барномаҳои телевизиони «Пойтахт», ки ба шаҳрдории Душанбе марбут аст, шоми 25-уми феврал, замоне қатъ шуд, ки сӯҳбати шоираи маъруф Гулрухсор намоиш дода мешуд.

Наргис Раҳматшоева, муовини раиси телевизиони «Пойтахт» рӯзи 15-уми март ба "Озодӣ" гуфт, ки рӯзи панҷшанбе насби транзистори нав дар фиристандаи мавҷҳои телевизиони "Пойтахт" анҷом ёфт ва пахши барномаҳои он аз сар гирифта шуд.

Хонум Раҳматшоева афзуд, ки ҳамакнун барномаҳои телевизиони "Пойтахт" дар шабонарӯз ҳудуди 8 соатро дар бар мегирад, зеро фиристандаи мавҷҳо фарсуда шуда, имкони фаннии пахши барномаҳои 20-соатаро надорад.

Ба қавли хонум Раҳматшоева, шаҳрдори Душанбе барои дарёфти фиристандаи нав тендер эълон кардааст ва бо дастрас шудани он, "Пойтахт" дубора ба пахши 20-соата бархоҳад гашт.

Телевизиони "Пойтахт" соли 1997 таъсис шуда, аз моҳи ноябри соли 2012 ба пахши 18-соатаи барномаҳо оғоз кард. Бархе аз таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки шояд ҷасорати бештари ин шабака дар вақтҳои охир, сабаби “мушкилоти фаннӣ” шуда бошад.
XS
SM
MD
LG