Дар ин бора ба радиои “Озодӣ” Муҳаммадшо Абдуллоев, сардори шуъбаи равобити хориҷии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, хабар дод. Вай гуфт, “ҷаласаи ассамблеяи кулли Ассотсиатсияи олимпичиёни кишвар имрӯз, 12-уми март дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон доир гашт. Дар ин ҷаласа Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии кишвар, ширкат дошт. Вакилони ҷаласа пас аз баррасии маърӯзаи ҳисоботӣ кори ба сомон расондаи Ассотсиатсияро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобиданд. Зебуннисо Рустамова раҳбарии ин ташкилоти ҷамъиятиро барои чаҳор соли минбаъда ба зимма гирифт.”
Маълумотномаи “Озодӣ”. Зебуннисо Рустамова 29-уми январи соли 1955 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1976 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Душанбе ва соли 1980 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Зебуннисо аз соли 1969 ба камонварӣ шуғл меварзад. Солҳои 1974 – 1987 узви дастаи мунтахаби камонварии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Қаҳрамони чаҳоркаратаи ҷаҳон (1975, шаҳри Интерлакени Швейтсария – қаҳрамони мутлақ дар рақобатҳои инфиродӣ ва соҳиби медали тилло дар ҳисоби даставӣ, 1985, шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ, 1987, шаҳри Сиднейи Австралия), барандаи медали биринҷии Олимпиадаи соли 1976 дар шаҳри Монреали Канада, қаҳрамони секаратаи Аврупо (1976, шаҳри Копенгагени Дания, 1985, шаҳри Измири Туркия, 1986, шаҳри Пориси Фаронса), қаҳрамони 15-каратаи Иттиҳоди Шӯравӣ, ғолиби бисёркаратаи Шӯрои марказии ҷамъияти варзишии «Динамо», қаҳрамони 20-каратаи Тоҷикистон, рекодсмени ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ мебошад. Ҳамчунин дар Бозиҳои «Дружба – 84» дар Чехословакия, ки ба Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелеси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба таври алтернативӣ доир гашта буданд, сазовори медали нуқра шудааст.
Аз соли 1986 то соли 1992 муовини раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ва аз соли 1992 то соли 1995 раиси ин кумита буд. Ҳамчунин аз соли 1992 то соли 2000-ум вазифаи ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.
Бо унвонҳои фахрии «Устоди шоистаи варзиши СССР», «Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ордени «Нишони фахрӣ», медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва ғайра сарфароз шудааст.
Зебуннисо Рустамова феълан дар шаҳри Хуҷанд ба сар мебарад ва Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази дастгирии бонувону кӯдакон»-ро сарварӣ мекунад. Инчунин, раиси Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон мебошад.

Вай дар як суҳбаташ дар Маркази исломии Тоҷикистон дар соли 2014 итоат аз сарварон, бахусус "итоат ба подшоҳ"-ро воҷиб донист. "Амри итоат намудан ба подшоҳ... дар чандин аҳодис зикр гардидааст. Мухтарам домулло нагуфт, ки кадом тоифа подшохон. Ба подшохи золим, берахм ва бедодгар бошад умуман итоат кардан гунох аст.
Кучо шиори "Милиса-хомии ман". Бовар кунед як гурух милисахо барои манфиати худ на ба Ватан, на Президент на вазир ва на хамон либоси низомиро хурмат мекунан. Хайф аз ин гурух хомиёни мардум. Мухтарам вазир хохиш худат халли ин масъаларо дида бароед.
Озоди ба Иззат Амон Озоди ба Иззат Амон Озоди ба Иззат Амон!!!! Истеъфо хукумати худкомаи рахмонуф!!!бас кун бухтону тухматота эй хукумати золим!!!
Вақте пешво ёгӯем сардори ҳукумати аз халқ дуршуда мегӯяд тоҷирон боинсоф бошед бояд аввал худашу авлодашро ба боинсофи даъват кунад. Ҳама ҷабру ситаму бедодии ба сари мардум омада аз дасти онҳост. Агар ҳукумат ақлашро кор фамояд як сохтори муфтху дар Тоҷикистонро ки "Тоҷикматлубот " ном дорад ё кор фармоя ё нест кунад. Чунки ба вазъи бозорҳо ҳамин ташкилот бояд таъсиррасон бошад. Гапи ҳукуматдорони мо махсусан сарони давлат барои рекламаи бепули худашон аст. Ҳеҷ гоҳ он аз тарафи касе пайгирӣ ҳам намешаваду иқро ҳам намегардад. Ҳами хел не мансабдорони бепарво!
хубш ки балора Худо аз сари мардми Точик бардошта шава ОМИН ....