Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути чархбол дар Қандаҳор ва ҳалокати 5 сарбозӣ амрикоӣ


Бар асари суқути як чархболи нерӯҳои НАТО дар ҷануби Афғонистон панҷ сарбози амрикоӣ кушта шуданд.

Хабаргузории Рейтерз гузориш додааст, ки ин ҳодисаи рӯзи душанбеи 11-уми март дар минтақаи Домани вилояти Қандаҳор рух додааст.

Нерӯҳои байналмилалии кӯмак ба Афғонистон гуфтаанд, ки сабаби суқути ин чархбол маълум нест ва бар пояи таҳқиқоти ибтидоӣ, мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон дар маҳалли ҳодиса фаъолият надоранд.

Фармондеҳии нерӯҳои Амрико мустақар дар Афғонистон таъйид кардааст, ки ҳама кушташудагон сарбозони амрикоӣ мебошанд. Ба гуфтаи онҳо, чархбол бар асари туман ва тундбод суқут кардааст.

Суқути чархболҳо дар Афғонистон ба иллати обуҳаво ё иштибоҳи фаннӣ ва ҳамчунин ҳамлаи мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон сари ҳар чанд вақт ба вуқӯъ мепайвандад.

Дар моҳи августи соли гузашта бар асари суқути чархболи навъи Black Hawk дар ҷануби Афғонистон 11 нафар, аз ҷумла 7 сарбози амрикоӣ, ҷон бохта буданд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG