Мақомоти Эрон мегӯянд, бахши эронии ин лӯла тақрибан омода аст. Тахмин мешавад, ки барои такмили бахши ин лӯла дар хоки Покистон, ки ба 780 километр баробар мебошад, ду сол лозим аст.
Покистон умед дорад, ки сохтмони лӯла камбуди маводи сӯхт дар ин кишварро рафъ мекунад. ИМА ба сохтмони ин лӯла мухолиф буд, зеро он метавонад хилофи таҳрими СММ дар иртибот бо барномаи ҳастаии Теҳрон бошад ва дар натиҷа Покистон ҳам таҳти таҳрим қарор хоҳад гирифт.
Райан Ҳаррис, сухангӯи сафорати ИМА дар Покистон, рӯзи душанбе ба радиои «Озодӣ» гуфт: “Сиёсати ИМА дар робита бо Эрон хеле ҳам возеҳ аст ва тағйир наёфтааст. Мо аз ибтидо, аз вақте ки баҳси ин лоиҳа оғоз ёфт, огаҳ намудем, ки худдорӣ аз ширкат дар ин лоиҳа ба нафъи Исломобод аст, зеро метавонад Покистонро мавриди таҳримҳои СММ ва ИМА қарор диҳад.”
Вале оё Покистон ба қабули чунин талафот дар муқобили сохтмони лӯлаи гази Эрон ҳозир хоҳад буд?
Муҳаммадамин Мудаққиқ, раиси радиои «Машъал», бахши покистонии радиои «Озодӣ», мегӯяд, ҳузури президенти Покистон дар маросими оғози сохтмон дар қаламрави Покистон як чорабинии тарғиботӣ аст. Зеро дар давоми ду моҳи оянда дар Покистон интихоботи парламентӣ доир шуда, ҳукумати нав сари кор меояд. Ҳоло, ба қавли Мудаққиқ, президент Зардорӣ мехоҳад ин лӯларо ҳамчун бахше аз барномаи таъмини кишвар бо маводи сӯхт ҷило диҳад:
“Ҳукумат мехоҳад гӯяд, ки агар дар интихобот дастболо шавад, сарфи назар аз фишори ИМА, лӯлаи газро такмил намуда, ҳар рӯз 21 миллион метри мукааб газ ба Покистон ворид хоҳад кард.”
Шореҳи умури Покистон мегӯяд, ки ҳамкориҳои Исломободу Вашингтон хеле амиқтар аз ҳамкориҳои Исломобод бо Теҳрон буда, солона ба чандин миллиард доллар баробар аст. Ӯ бовар надорад, ки Исломобод ин ҳамкориҳоро қурбони як лӯлаи гази Эрон кунад.
Эрон барои сохтмони ин лӯла ба Покистон пешниҳод кард, ки сеяки маблағи заруриро тақдим намояд. Пешбинӣ мешавад, ки сохтмони бахши покистонии лӯла ба якуним миллиард доллар баробар хоҳад буд.

Магар омӯзгор одам нест? Ӯ ҳам мисли мо одам аст. Ӯ ҳамчун омӯзгор бояд намуна бошад ва худаш бояд дар комиссариати ҳарбӣ ҳозир шавад, на ин ки мисли занон дар кунҷи хона руст шавад, боз гӯяд ки аз ҳимояи ватан ҳаросида 5 рӯз боз ба мактаб нарафтааст. Садқаи номи омӯзгор шавӣ!!! Ин гуна одамонро ба мактаб ҳам роҳ додан мумкин нест. Чӣ ман хидмат кунаму ин одам накунад. Магар ӯ баччаи ҷайра аст???
Эй мардум факат хизмата паст мезанед барои як нафар бурд гуфта хама чо менависанд ягон журналисты бо акл нест ки рафта хамон нарафтагиро дар борааш нависад шумо инхел карда хамаро аз хизмат мегурезонед узбак еки киргиз ва дигар миллат омада моро химоя намекунед идеология бо кувват кунед ки хисси ватандустии мардум боло равад маълими ки хизмат накардааст чихеле тарбия мекунад хонандаи синфхои мактаб миёнаро фикр кунед тахлил кунед
10 миллион чунин зиндагии дущвор доранд дар ин бихишти руи замин
боз як гуломи урус овоз баланд кард!
Айб дар ош не айб дар мош