Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Карзай ва Ҳегел дар авҷи танишҳо миёни Кобул ва Вошингтон


Раиси ҷумҳури Афғонистон ҳини мулоқот бо вазири дифои Амрико. Кобул, 10-уми марти соли 2013.
Раиси ҷумҳури Афғонистон ҳини мулоқот бо вазири дифои Амрико. Кобул, 10-уми марти соли 2013.

Вазири дифои Амрико дар авҷи танишҳо миёни Кобул ва Вошингтон, шоми якшанбе бо раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот кард.

Дафтари раиси ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, дар ин дидор дар мавриди масоиле чун талафоти афроди ғайри низомӣ, паймони ҳамкориҳои амниятӣ миёни Кобулу ва Вошингтон ва супурдани масъулияти зиндони Багром ба ҳукумати Афғонистон, баҳс шудааст.

Ба гузориши торнамои расмии раёсати ҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай ва Чак Ҳегел дар бораи он нерӯҳои афғон, ки таҳти фармони нерӯҳои вижаи амрикоӣ фаъолият мекунанд, низ гуфтугӯ кардаанд.

Дар гузориш омадааст, ки раиси ҷумҳури Афғонистон бо ишора ба дастгир шудани як донишҷӯй дар Донишгоҳи Қандаҳор ба Чак Ҳегел гуфтааст, ки ин кор бар хилофи ҳокиимияти миллии Афғонистон аст. Ҳомид Карзай гуфтааст, ки ҳар гуна ҳамкорӣ миёни Амрико ва Афғонистон бояд бар пояи эҳтироми мутақобил ба ҳокимият ва манфиатҳои миллии ду кишвар устувор бошад.

Ба гузориши дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон, вазири дифои Амрико пазируфтааст, ки дар солҳои гузашта иштибоҳҳое рух дода ва аз ҳамин иштибоҳҳо таҷриба ҳосил шудааст, ки ду кишвар бояд барои доштани муносибатҳои хуб ва эътимодсозӣ байни ҳам, бештар аз гузашта талош кунанд.

Изҳороти дирӯзи Ҳомид Карзай дар бораи ин, ки нерӯҳои байналмилалӣ аз ҳамлаҳои Толибон суд мебаранд, мақомоти амрикоиро хашмгин сохтааст.
Фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон генерал Ҷозеф Данфорд изҳороти раисиҷумҳур Ҳомид Карзай дар бораи робитаҳои махфӣ миёни ИМА ва “Толибон”-ро рад кард. Ба гуфтаи ӯ, изҳороти Карзай бепояву бунёд аст.

Рӯзи якшанбе Ҳомид Карзай гуфт, ки намояндагони "Толибон" ҳар рӯз дар Аврупо ва кишварҳои Халиҷи Форс бо амрикоиҳо ва намояндагони дигар кишварҳои хориҷӣ сӯҳбат мекунанд, ҳарчанд бар пояи хабарҳо, “Толибон” ҳанӯз соли гузашта ҳама гуна робитаҳо бо Амрикоро қатъ карда буд. Ҳомид Карзай рӯзи якшанбе, 10 март дар Кобул изҳор намуд, толибон ҳамлаҳо ба Афғонистонро барои он идома медиҳанд, ки ба ИМА соҳибқудрат будани худро намоиш диҳанд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон ин суханони тундро рӯзи якшанбе ва ҳамагӣ чанд соат қабл аз мулоқоташ бо вазири дифои Амрико, баён кард .

Ҳарчанд вазири дифои Амрико бо раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид дидор кард, аммо нишасти хабарии муштараки онҳо, ки қаблан барномарез шуда буд, баргузор нашуд. Мақомоти амрикоӣ сабаби лағви ин нишасти хабариро “нигарониҳои амниятӣ”хонданд.
XS
SM
MD
LG