Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Кобул: Ба Ҳегел осеб нарасидааст


Ҳамла ба бинои вазорати дифои Афғонистон дар Кобул. Рӯзи 9-уми марти соли 2013.
Ҳамла ба бинои вазорати дифои Афғонистон дар Кобул. Рӯзи 9-уми марти соли 2013.

Бар асари ҳамлаи маргталабона дар канори бинои вазорати дифои Афғонистон дар маркази шаҳри Кобул, дасти кам 9 нафар ба ҳалокат расиданд. .

Ба иттилои расмӣ 14 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтаанд. Генерал Муҳаммад Зоҳир, як тан аз раҳбарони полиси Кобул, ба хабарнигорон гуфт, ки аксари ҷонбохтаву ҷароҳатбардоштагон сокинони осоиштаанд.

Ҳамлаи маргталабона замони ташрифи вазири нави дифои Амрико Чак Ҳегел ба Афғонистон сурат гирифт. Мақомоти амниятии Афғонистон гуфтанд, ки ба Ҳегел осеб нарасидааст, зеро ӯ дар наздикиҳои ҷойи ҳодиса набуд. Намояндаи НАТО Ҷорҷ Литл низ тайид кард, ки замони инфиҷор Ҳегел дар дигар гӯшаи Кобул бо хабарнигорон мулоқот мекард ва баъд аз расидани иттилоъ дар бораи инфиҷор ҳам нишасти хабарӣ идома дошт.

Масъулияти ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар дӯш гирифт. Намояндаи ин ҷунбиш Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ҳадафи ҳамла Ҳегел набуд ва аммо ин паёмест, ки онҳо тавони зарба задан ба Кобул ҳатто ҳангоми сафари вазири дифои Амрикоро доранд. Ҳайати фармондеҳии нерӯҳои байнулмилалӣ таҳти фармони НАТО хабар дод, ки баъд аз таркиш дар канори бинои вазорати дифои Афғонистон тирандозӣ сурат гирифт.

Таркиш дар Кобул
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:42 0:00

Чак Ҳегел рӯзи ҷумъа бо як сафари қаблан эълоннашуда вориди Кобул шуд. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки нерӯҳои НАТО дар Афғонистон то ҳол дар ҳазъи ҷанг қарор доранд. Ба гуфтаи сарвари Пентагон, дар мулоқот бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай мехоҳад дар бораи авзои кишвар иттилои бештар дарёфт кунад. Ӯ ҳамчунин тасмим гирифтааст, ки бо сарвари Афғонистон дар бораи дастураш оиди аз вилояти Вардак берун кардани нерӯҳои махсуси амрикоӣ сӯҳбат кунад.

Чанд рӯз пеш Ҳомид Карзай ба вазири дифои кишвараш Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ фармон дод, ки нерӯҳои амрикоиро дар зарфи ду ҳафта аз вилояти Вардак берун кунад. Аймал Файзӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон, дар ташреҳи дастур нерӯҳои вижаи ИМА мустақар дар вилояти Вардакро ба «эҷоди бесуботӣ ва озору азияти мардуми маҳаллӣ» айбдор кард. Файзӣ, аз ҷумла, ба ғайб задани нӯҳ нафар баъд аз як амалиёти вижаи амрикоиҳо дар вилояти Вардак алайҳи гуруҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат ишора кард.

Аммо баъдан генерал Гюнтер Катз,сухангӯи неруҳои НАТО дар Афғонистон, эълом дошт, ки нишонае аз иддао дар бораи бадрафтории нируҳои вижаи Амрико дар вилояти Вардаки Афғонистон ба даст наомадааст.

Чак Ҳегел рӯзи 27 феврал ба ифои вазифаи вазири дифои ИМА шурӯъ кард.

Айни ҳол дар Афғонистон тақрибан 66 ҳазор афсару сарбози амрикоӣ ва 30 ҳазор низомӣ аз дигар кишварҳои узви НАТО мустақаранд. Қарор аст, ки теъдоди аъзами ин низомиён аз ҳамин сол ба тарки Афғонистон шурӯъ кунанд. Хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон бояд то охири соли 2014 поён ёбад.
XS
SM
MD
LG